Баромад дар конфренсияи илмии вилоятӣ дар мавзуи «Нақши Паём дар таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар».

Имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, конфренсияи илмии вилоятӣ таҳти унвонии «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» баргузор гардид.

Конфренсияи мазкур тибқи нақшачорабиниҳои тасдиқгардидаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки муовини Раиси вилояти Хатлон Салимзода А.Ф., роҳбари намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон, Ҳайдарзода М.Ҳ., кормандони ташкилоту идораҳо, намояндагони воситақои ахбори омма ва мқомотҳои ҳифзи ҳуқуқи  вилоятӣ ва шаҳрӣ баргузор гардид.

       Конфренсия

 

Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба масъалаҳои таълиму тарбия ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, дар маҷмуъ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат таваҷҷуҳи зиёд зоир мегардад.

Зеро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз вазифаҳои муҳимтарин ва нахустдараҷаи кишварҳое дониста мешавад, ки дар роҳи бунёдгузории давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд гомҳои устувор доранд.

Маҳз дар давлатҳое, ки иқтидори баланди мудофиавӣ дошта,сулху субот ва амнияту осоиши ҷомеаи хешро пойдор нигоҳ медорад, афзалиятнокиирушдиҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дида мешаванд.

Зеромаҳз бо ин васила мо дар омода намудани нерӯи ҷавонон ҷиҳати хизмати ҳарбӣ ва фаъолияти минбаъдаи муҳофизони ҳифзи ҳуқуқ дар мақомоти қудратӣ муваффақ шуда метавонем.

Вобаста ба таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат пеш аз ҳама мебояд аз нақши Сарвари давлат дар рушди соҳаи мароиф ва тарбияву ташаккули зеҳнии ҷавонони кишвар ёдовар гардид, ки оянда сафи неруҳои қудратӣ ва Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пур мекунанд.

Дар баробари таваҷҷуҳ ба омодагии ҳомиёни ояндаи Ватан баҳри ҳимояи марзу буми кишварамон ва тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва омодагии ҳарбӣ, Сарвари давлат зимни ироаи Паём ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш доданд, ки дар ҷиҳати ошкор ва пешгирӣаз хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд.

Бо дар назардошти он ки афкори ифротгароӣ ва гурӯҳҳои хатарзо ба суботу амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ хавфи бузург эҷод мекунанд, дар самти муқовимати идеологӣ ва вокунишу посухҳои сазовор нисбат ба ҳуқуқҳои идеологии душманони миллат бояд, ки ҳар нафар фарзанди баору номус ва худогоҳ масъулият эҳсос намояд.

Иловатан, андешидани чораҳои дастаҷамъонаи соҳаҳои марбута бояд пайваста идома ёфта, фаъолияти ВАО ва дигар воситаҳои идеологӣ дар ин самт тақвият бахшида шавад.

Мавриди зикр аст, ки дар Паёми навбаӣ Сарвари давлат ба масъулон супориш доданд, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад. Зеро дар самти муқовимат ба ҳуҷумҳои идеологии берунаи хатарзо таъсиси чунин марказ тадбири амри зарурист.

     конфренсия

Чуноне, ки зимни ироаи Паём зикр гардид: “ Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.

Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гаравидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд”.

Мавриди зикр аст, ки таҳким бахшидани иқтидори мудофиавӣ ва омодасозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва омодагии кадрҳои ҷавон дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ миёни ҷавонон ва ҷалби таваҷҷуҳи онҳо барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз мавзуҳои муҳимест, ки дар Паёмҳои ҳарсолаи роҳбари давлат ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён мегарданд.

Аз ҷумла, дар Паёми навбатии худ роҳбари давлат изҳор доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.

Дар ин замина бо мақсади дастгирӣ ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии аҳолӣ аз якуми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуд, ки ин ҳам барои дастгирӣ ва рӯҳбаланд гардидани хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хубтару беҳтар намудани шароити моддии онҳо равона гардидааст.

Ба андешаи Сарвари давлат вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем.

Ҳамзамон, Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Дарвоқеъ ҳам, бинобар сабабҳои равандҳои ҷаҳонишавӣ ва мубориҳазои геополитикии кишварҳои абарқудрат имрӯз вазъи ҷаҳон мураккабу нигароникунанда боқӣ монда, сабаби афзоиши низоъҳо, пуршиддат  гардидани рақобатҳо ба хотири нуфузмандии бештар дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон шуда истодааст.

Бинобар ин, Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва дар марҳилаи нави рушд баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати сулҳҷӯёнаву дурбинонаро бо кишварҳои ҷаҳон идома медиҳад.

Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд “Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, кибер-ҷиноятҳо,ҳамчунин мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт”.

Хулоса, дастуру супоришҳои дар Паём ироа гардида, ки фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ арзёбимегардад, ҳар яки моро водор менамояд, ки барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош намуда, аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми масоили ҳалталаби ҷомеа ва давлат сарбаландона баромада тавонем.

Дар ин росто, дар баробари ватандӯсту ватанпарастбудан, ҳамзамон насли ояндаи кишварамонро дар ин руҳияи созанда ва ҳисси баланди миллӣтарбияву ба воя расонем.

Бояд гуфт, ки барои  ҳифзу пойдории истиқлолу озодии Тоҷикистони азиз ватаъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣҳар шаҳрванди ин сарзамини муқаддасро мебояд, китаҳсилдидаву дорои ҳунарҳои гуногун буда, дар рушди пешрафти ҷомеа саҳме гузошта тавонад.

Зеро пойдории давлату иқтидори мудофиавӣ ва ояндаи дурахшони он аз ҷомеаи солиму худогоҳ ва наслҳои ояндаи он вобастагӣ дорад, ки дар кадом сатҳ тарбияву ба воя мерасанд.

Ин яке аз муҳимтарин масъалаҳое мебошанд, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба масъалаҳои ҳалталаб дар ин самт ба аъзои ҳукумат, масъулони мақомоти марбута ва кулли мардуми шарафманди кишварамон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Мутахассис пешбар-тарҷумони

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон                                                         Азимиён Б.С.