Судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, майори адлия Ҳакимиён К.Қ., дар қисми ҳарбии 13483 «Б» Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур вобаста ба содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ бахусус бо моддаҳои 374, 375 ва 391 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбат гузаронида, мафҳум ва моҳияти кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», даъвати сокинони кишвар баҳри риояи расму ойин, анъанаву сунатҳои миллӣ, фарҳанги оиладорӣ ва устувор нигоҳ доштани оилаҳо, бахшида ба 28-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳи ва хештаншиносӣ, баромад намуданд.
Инчунин вобаста ба таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 13483 «Б» ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбат гузаронида, шахсони масъули қисми ҳарбии мазкур, вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии хизматчиёни ҳарби корҳои назаррасро онҷом диҳанд.
Дар анҷом судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон, майори адлия Ҳакимиён К.Қ., тамоми ҳайати шахсии қисми ҳарбии 13483 «Б» ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро, бо таҷлили 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрику таҳният намуда ба онҳо бурдбориҳои беназирро таманно намуд.
Судяи суди ҳарбии
гарнизони Хатлон Ҳакимиён К.Қ.,