16 ноябр – Рӯзи Президент

     Ҳамасола рӯзи 16 ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин дар Суди  ҳарбии гарнизони Хатлон, маҷлиси тантанавӣ, ки ба Рӯзи Президент бахшида шуда буд, бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон,  баргузор гардид. Раиси Суди  ҳарбии гарнизони Хатлон, подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., суханрони намуда ҳамчунин таъкид намуданд, ки тибқи Конститутсияи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентӣ амали гардида истодааст. Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.

       Баромад          Баромад

Ҳамзамон Судяи Суди  ҳарбии гарнизони Хатлон, подполковники адлия Рафиқзода А., суханрони намуда,  иброз намуд, ки аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсади рузи ид муайян кардани рузи 16 ноябр, маҳс ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, мебошад. Инчунин оиди ба меъёрҳои моддаи 67 Конститутсия, ки Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад ва иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти тозаинтихобгардида, баромад намуд.

          Баромад

Роҳбарият ва судяҳо қайд намуданд, ки ин рузи таърихӣ чун  таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад.

Дар анҷоми маҷлис Раиси Суди  ҳарбии гарнизони Хатлон, подполковники адлия Ҳамзазода Т.С., ҳамагонро бахшида ба Рӯзи Президент табрику таҳният гуфта дар фаъолияти корӣ ва  амалисозии адолати судӣ комёбиҳоро таманно намуданд.

Раиси суд                                                   Ҳамзазода Т.С.